Додгоҳи низомии вилояти Хатлон як сарбози неруҳои марзбониро бо гуноҳи ба марг расондани ҳамхизматаш 10 сол зиндонӣ кард. Ҳукм 29-уми июл эълон шуд.
Маълум нест сарбоз худро гунаҳкор шумурдааст ва ё не. Хонаводаи сарбози кушташуда аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва мегӯянд, аз он шикоят хоҳанд бурд. Даъвояшон ин аст, ки дар марги писарашон ба ҷуз ҳамхизматаш, эҳтимол касони дигар ҳам даст доранд.
Сафарбек Раҳимзода, падари сарбози фавтида 30-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додгоҳ талаб карданд, ки парванда ба тафтиши иловагӣ баргардонда шавад, аммо ҷавоби рад гирифтаанд.
Падари сарбоз мегӯяд, баъди гирифтани нусхаи ҳалнома, ба додгоҳи болоӣ шикоят мебарад.
Сунатулло Қодиров моҳи апрели соли 2025 ҳангоми навбатдорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз тири туфанг ба ҳалокат расидааст. Бо гумони даст доштан дар марги ӯ, ҳамхизматаш Асадулло Қурбонов боздошт шуд.
Даъвои асосии хонаводаи сарбози фавтида ин аст, ки касе ба фарзанди онҳо аз пушт тир задааст ва эҳтимол ба ҷуз ҳамхизматаш, каси дигаре ҳам дар марги Сунаттуло даст доранд. Додситонӣ гуфтааст, Суннатулло Қодиров аз пеш тир хӯрдааст ва танҳо як кас дар марги ӯ гунаҳкор аст.
“Сарбозе, ки ҳукм гирифт дар додгоҳ гуноҳро эътироф кард. Агар ин бача дар воқеъ гунаҳкор бошад, бигзор ҷазои вазнинтар гирад... Тир аз қафо задагӣ аст, аммо тафтишот мегӯяд, писари маро аз пеш тир задаанд. Барои ҳамин дилам дур рафта истодааст, ки дурӯғ мегӯянд,”- афзуд падари сарбози фавтида.
Талошҳои мо барои тамос бо наздикони Асадулло Қурбонов, сарбозе, ки ба зиндон маҳкум шуд, бенатиҷа буд. Телефони волидайнаш хомӯш аст. Ин сарбоз сокини шаҳри Исфара мебошад.
Сафарбек Раҳимзода, падари сарбози фавтида чор моҳ боз дар ба дари мақомот гашта, талаб дорад, ки марги писараш пурра тафтиш шавад. “Азобе ки мо кашида истодаем худо бар сари ягон инсон наорад,»-мегӯяд Раҳимзода.
Радиои Озодӣ бори аввал рӯзи 10-уми июл шикояти падари ин сарбозро расонаӣ кард. Сафарбек Раҳимзода мегӯяд, ки баъди пахши гузориши Радиои Озодӣ, намояндагони мақомот ба манзилаш омада, ба ҳамсараш фишор овардаанд. Назари мақомот дар ин бора дастрас нест.
“Ман дар хона набудам, 5 нафар аз мақомоти болоӣ омада, ба оилаам фишор овардаанд. Омада гуфтаанд, ки мо қабро дубора канда бачаатро баровардем, мақсад шавҳарат дар видео баромад кардааст. Ман маҷбур шудам, дар видео баромад кунам, барои онки ягон мақомоти поёнӣ гапи маро гӯш намекунанд,»-мегӯяд Сафарбек Раҳимзода.
Ягона даъвои падари сарбози фавтида ин аст, ки «ҳақиқатро рӯйи об бароранд ва фаҳмам, ки чаро фарзанди маро куштаанд.»
Марги сарбозони тоҷик дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани сарбозон сабт шуда буд. Мақомот пайваста аз беҳтар шудани вазъ дар артиш тавсиф мекунанд. Вале ҳанӯз ҳам волидони бархе сарбозон аз шароити номуносиб ва озору азияти наваскарон шикоят доранд.