Сулаймон Давлатзода рӯзи 29-уми июл, як рӯз баъд аз ҷамъбасти ин бозиҳо дар Дубай, дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ки мавзӯи сафари варзишгарон ба фаъолияти ниҳоди онҳо бастагӣ надорад ва касе ба ба онҳо муроҷиат накардааст.
"Дар мавриди гӯё ҳолати поймолшавии ҳуқуқи ақалиятҳо. Мо инкор намекунем, ки баъзе ҳолатҳои инфиродӣ, ки масалан, як масъул муомилаи нодуруст карда бошад. Аммо ин баёнгари он нест, ки дар умум сиёсати Тоҷикистон ҳамин гуна бошад. Ба мо то ҳол шикояте наомадааст",- мегӯяд раиси Кумитаи дин.
Варзишгарони тоҷик аз ҳисоби пайравони шохаи исмоилияи мазҳаби шиа дар ВМКБ, бояд рӯзи 17-уми июл ба шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Арабӣ мерафтанд ва зери парчами Тоҷикистон вориди рақобат мешуданд. Аммо сомонаи "Pamir Inside" рӯзи 12-уми июл хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон монеи ҳузури варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо шуданд.
Ҳарчанд то кунун мақомот, расман изҳори назаре накардаанд, аммо ба Радиои Озодӣ навори савтие дастрас шуд, ки дар он шахсе аз масъулони мактабҳои варзишии ВМКБ мехост, "ягон кас ба Бозиҳои исмоилӣ сафарбар нашавад. Дар ҳолате, ки агар ягон кас сафарбар шавад, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз ва аз вазифа озод карда мешавад".
Бархе аз масъулони мактабҳои варзишии ВМКБ дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ таъйид карданд, ки воқеан дар пешорӯйи сафари варзишгарони тоҷик, чунин дастур гирифта буданд.
Дар пайи расонаӣ шудани мамониат барои сафари варзишкорон ба Бозиҳои исмоилӣ, бархе аз корбарон ва созмонҳои сиёсӣ дар фазои маҷозӣ, мухолифати мақомоти Тоҷикистон бо ҳузури варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои исмоилиро нақзи навбатии ҳуқуқи исмоилиён ва фишор болои ин камшуморҳо (аққалият)-и мазҳабӣ дар Тоҷикистон донистаанд.
Аммо раиси Кумитаи дин мегӯяд, ҳукумат бархе корҳоро ба хотири амният ва риояи тартибот анҷом медиҳанд.
"Он эродҳое, ки гирифта мешаванд, риояи тартибот ва ӯҳдадориҳои ҳама аст. Мо кӯшиш мекунем, ки дар доираи қонунҳои ҷорӣ тавонем ниёзҳои эътиқодии мардумро, новобаста аз пайравӣ кадом дин ё мазҳаб будан бароварда намоем ва хушбахтона ҳамин кафолатҳо дар қонунгузории мо дода шудааст",-иддао мекунад Давлатзода.
Пас аз ҳаводиси ноябри 2021 дар Хоруғ ва майи 2022 дар Рӯшону Хоруғ ва амалиёти мақомот дар ин манотиқ, ки даҳҳо куштаву маҷруҳ барҷой гузошт, муносибати мақомоти Тоҷикистон ба ниҳодҳои марбут ба Бунёд ва шабакаҳои Оқохон тағйир кард. Аз ҷумла, бархе аз ниҳодҳо ва моликияти марбут ба фаъолиятҳои Оқохон дар ВМКБ давлатӣ шуданд ва мақоми дипломатии Намояндаи доимии Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон бекор шуд.
Бозиҳои исмоилӣ аз соли 2007 ба ин сӯ ҳар панҷ сол як бор ба хотири ҷашнвораҳои гуногуни роҳбари маънавии исмоилиёни ҷаҳон – Оқохон баргузор мешаванд.
Имсол ин бозиҳо дар доираи Ҷашнвораи ҷаҳонии дидор ё Global Encounters Festival 2025 аз 20-ум то 28-уми июл дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои пойгоҳи The ismаili дар ин бозиҳо 25 ҳазор ширкаткунанда ва тамошобин аз 50 кишвари ҷаҳон ҳузур ёфтанд.
Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон монеи сафари варзишгарони тоҷик шуданд, аммо садҳо тан, бо шумули бархе чеҳраҳои маъруфи исмоилии тоҷик аз Тоҷикистон ва Русия дар ин ҷашнвора бо унвони меҳмон ва ихтиёрӣ ширкат кардаанд.
Гуфтугӯ