Яке аз раҳбарони ҷамъияти тоҷикон дар Уфа дар боздоштгоҳ фавтидааст

Яке аз кӯчаҳои шаҳри Уфа

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, Абдураҳмон Раҳимов раиси Ҷамъияти тоҷикон дар Уфа дар боздоштгоҳи ин шаҳр даргузаштааст. Ба навиштаи вебсайти “Честний репортаж», аҳволи Абдураҳмон Раҳимови 68-сола баъди ҳаммом гирифтан дар боздоштгоҳ бад шудааст ва бо вуҷуди кӯмаки тиббӣ, ӯ ҷон додааст.

Ба навиштаи нашрия, табибон нишонае аз “марги маҷбурӣ” дар бадани ӯ наёфтаанд ва сабаби фавтро “марги табиӣ” навиштаанд. Замони дақиқи марги ӯро нагуфтаанд. Абдураҳмон Раҳимов соли 2023 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ аз кормандони бозор боздошт ва моҳи гузашта ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора ҳеҷ хабаре нашр накардаанд ва телефонҳои консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаро ҳам рӯзи сешанбе касе намебардошт.

Абдураҳмон Раҳимов бино ба навиштаи расонаҳои Бошқирдистон аз соли 1993 муқими шаҳри Уфа буда, дар ин ҷумҳурии Русия Маркази фарҳангии тоҷикон ба номи Исмоили Сомонӣ ва созмони “Пайванд-1”-ро раҳбарӣ мекард. Ба қавли ин нашрияҳо ӯ “бо вуҷуди иттиҳоми қонуншиканӣ, дар миёни соҳибкорон ва ҷамъияти тоҷикон эҳтирому обрӯи зиёд дошт”.

Пруфи.ру яке аз вебсайтҳои Бошқирдистон навиштааст, ки Раҳимов дар бозори Затонский соҳиби ширкатҳои тиҷоратӣ буд ва ба тоҷирон қарз дода, сипас аз онҳо пули зиёд тамаъ мекардааст. Расонаҳои Русия назари вакили дифо ва ё худи Раҳимов дар замони муҳокима дар додгоҳро наовардаанд.