Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи ҳарбии Хатлон талаб кардааст, ки як сарбози Нерӯҳои марзбонӣ барои марги ҳамхизматаш 11 сол зиндонӣ шавад.
Моҳи апрели соли 2025 ҳангоми навбатдорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, Сунатулло Қодиров аз тири туфанг ба ҳалокат расида буд.
Бо гумони даст доштан дар марги ӯ, ҳамхизматаш Асадулло Қурбонов боздошт шудааст.
Хонаводаи сарбози кушташуда мегӯянд, додситон барои Асадулло Қурбонов 11 сол зиндон талаб кардааст. Додгоҳи ҳарбии Хатлон 29-уми июл ҳукми худро дар ин парванда содир мекунад.
Додситонии низомӣ баъди тафтиши қазия гуфтааст, сабаби марги Сунатулло Қодиров, аз беэҳтиётӣ тир андохтани ҳамхизматаш будааст, аммо падари сарбоз ба ин фарзия бовар надорад.
Падари сарбози кушташуда аз рафти тафтишот розӣ нест ва мегӯяд, дар марги писараш эҳтимолан касони дигар ҳам даст доранд. Додситонии ҳарбӣ гуфтааст, ин даъвои падар тасдиқ нашуд.
Марги сарбозони тоҷик дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани сарбозон сабт шуда буд.