Тоҷикистон барои муҳассилини афғонистонӣ 25 бурсия ҷудо кардааст

Мактаби "Сомониён", макони таҳсили фарзандони муҳоҷирони афғонистонӣ

Тоҷикистон барои таҳсили муҳассилини афғонистонӣ дар мактабҳои олии кишвар, 25 бурсия ҷудо кардааст. Дар ин бора Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Фейсбук хабар додааст.

Сафир навиштааст, ки дар вақти интихоби довталабон ба духтарон бартарӣ дода мешавад. Зоҳир Ағбар нагуфтааст, ки бурсияҳои таҳсил барои хонандагони мактаби "Сомониён" дар кадом риштаҳо ҷудо шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин бора хабар надодаанд.

Тибқи оморҳои нашршуда, имсол шумори квотаҳои ҷудошуда барои муҳассилини афғонистонӣ дар Тоҷикистон назар ба солҳои гузашта камтар аст. Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-24 барои шаҳрвандони Афғонистон чил бурсия ҷудо карда буд, вале имсол 25 адад.

То суқути Афғонистон ба дасти "Толибон", беш аз 1000 донишҷӯйи афғонистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон мехонданд. Вале ҳоло шумори онҳо хеле кам шудааст.