Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон ба кишварҳои ҳамсояаш 1,1 миллиард киловат соат барқ фурӯхтааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 56 дарсад бештар мебошад.
Ба гузориши Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, кишвар аз ҳисоби фурӯши барқ 322,6 миллион сомонӣ ё 33,8 миллион доллар ба даст овардааст.
Вазорат гуфтааст, бахши асосии барқ ё 718 миллион киловат соат ба Афғонистон ва боқимонда 395 миллион киловат ба Узбекистон интиқол ёфтааст.
Дар гузашта танқидҳое садо дода буд, ки мақомоти Тоҷикистон бигзор аввал шаҳрвандони кишварро бо барқ таъмин кунанд ва сипас барқи зиёдатиро ба хориҷ фурӯшанд. Вазорати энергетика зоҳиран дар посух ба ин интиқод навиштааст, 90 дарсади барқ дар моҳҳои май-июн ва дар давраи зиёд гардидани резиши об дар дарёҳо ба хориҷ интиқол дода шудааст. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.
Сокинони Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд. Сокинони чандин минтақаи Тоҷикистон шикоят доранд, ки имсол дар фасли тобистон ҳам пурра бо барқ таъмин нестанд. Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон 25-уми июл дар нишасти хабарӣ маҳдудияти барқ дар фасли тобистонро тасдиқ кард ва сабаби онро ба таъсири гармои зиёд ба таҷҳизотҳои барқрасонӣ гуфт.