Вазир мегӯяд, кӯдак дар муассисаи тарбиявие фавтид, ки иҷозатномаи фаъолият надошт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ду моҳ баъди як фоҷеа дар кӯдакистони шаҳри Душанбе, таҳқиқи парванда дар ҳоли анҷомёбӣ буда, базудӣ ба додгоҳ фиристода мешавад. Дар ин бора мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон дар нишасти хабарии нақшавӣ ба рӯзноманигорон иттило доданд.