Вазири умури хориҷии Эрон ба Тоҷикистон меояд

Аббос Ароқчӣ

Қарор аст, фардо 30-уми июл Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон ба Душанбе сафар кунад. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба суханони Шоҳин Самадӣ, сухангӯи вазорат иттило додааст.

Дар хабар омадааст, ҳангоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон, Аббос Ароқчӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷӣ ва дигар раҳбарони баландпояи кишвар дидору гуфтугу кунад.

Дар бораи масоили баррасӣ дар ин дидорҳо хабаре надодаанд, вале аввали ҳамин моҳ вазирони умури хориҷии ду кишвар дар як суҳбати телефонӣ дар бораи робитаҳои дуҷониба суҳбат карданд. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар чанд соли ахир, баръакси солҳои пеш тавсиа ёфтаанд.

Тоҷикистон моҳи июн ҳамлаҳои Исроил ва Амрико ба таъсисоти атомии Эронро маҳкум карда ва аз ҷумла гуфта буд, ки “шиддат гирифтани муноқиша метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад.”