Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯйхати қарздорони калон аз истифодаи барқро нашр кардааст.
Дар гузориши Вазорат омадааст, аз ҳама зиёд аҳолӣ аз истифодаи барқ қарздор ҳастанд. Ба иттилои расмӣ, то аввали моҳи июли имсол, қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ қариб ба 1,7 миллиард сомонӣ расидааст. Омори мақомот дар бораи қарздории аҳолӣ аз барқ солҳост, ки шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.
Хабарнигорон борҳо ин мавзӯъро бо намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" баҳс кардаанд. Намояндагони "Шабакаҳои тақсимоти барқ" пештар гуфта буданд, беш аз 1 миллиард сомонӣ, қарзе мебошад, ки солҳои гузашта ҷамъ шудааст. Мустақилона тасдиқ кардани ин ҳарфҳо феълан мушкил аст.
Ба иттилои Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, баъди аҳолӣ калонтарин қарздор аз барқ "Ширкати Алюминийи Тоҷик" мебошад, ки қарзаш ба 718 миллион сомонӣ расидааст.
Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ бо 238 миллион сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо 108 миллион ва Корхонаҳои обу корез бо 16,4 миллион сомонӣ, аз қарздорони калон дар назди идораи барқ будаанд.