Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав, Шарофиддин Гадоев, яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро дар ғайбаш ба 8,5 сол зиндон маҳкум кардааст.
Додгоҳ 29-уми июл Гадоевро ба он гунаҳкор кардааст, ки дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина, хабарҳои дурӯғ паҳн кардааст.
Вокуниши Шарофиддин Гадоев ба ин ҳукм маълум нест, аммо ӯ қаблан гуфта буд, ки парвандаи ҷиноӣ дар Русия ба фаъолиятҳои сиёсиаш, бахусус тарафдорӣ аз Украина, рабт дорад.
Шарофиддин Гадоев, роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон аст ва дар Ҳолланд паноҳандагии сиёсӣ дорад.
Расонаҳоии русӣ навиштаанд, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Гадоев ва "ифротгаро" шинохта шудани ӯ аз сӯи додгоҳе дар Маскав, метавонад барои тоҷикистониҳое, ки ба саҳифаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шудаанд, мушкилӣ эҷод кунад.
Мақомоти Русия бар пояи як суҳбати Шарофиддин Гадоев дар шабакаи ютубии "Ислоҳ" нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Дар ин суҳбат, ки соли 2022 пахш шуд, Гадоев нақл мекунад, ки чигуна низомиёни Русия шаҳрвандони оддиро дар Украина мекушанд.
Ду зодаи Тоҷикистон дар додгоҳи Маскав алайҳи Шарофиддин Гадоев шаҳодат дода ва гуфтаанд, ки гӯё ӯ дар бахши тоҷикии интернет ба таблиғоти зидди Русия машғул аст.
Қаблан модари Шарофиддин Гадоевро бо дархости Хадамоти федероли амнияти Русия ё ФСБ бозпурсӣ карда буданд.
Ба ҷуз Шарофиддин Гадоев, мақомоти Русия Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ"-ро низ бо иттиҳоми нашри ахбор дар бораи артиши Русия ғоибона ба зиндон маҳкум кардаанд.