Заминларзаи қавиии 8.8 дараҷаӣ рӯзи 30-уми июл нимҷазираи Камчаткаи Русияро такон дод, ки сахттарин зилзила пас аз соли 2011 ба ҳисоб меравад. Мақомот дар чанд кишвар аз хатари бархостани сунамӣ ва ё мавҷҳои азим аз уқёнус ҳушдор доданд, аз ҷумла дар худи Камчатка, Ҷазираҳои Курил дар Русия, ҷазираи Ҳавайӣ дар Амрико ва Ҷопону Зеландияи нав.
Дар Северо-Курилск як корхонаи коркарди моҳӣ ва бандар зери об мондаанд ва киштиҳо низ аз лангарашон канда шуда ба об рафтаанд. Дар Камчатка девори кӯдакистоне вайрон шудааст, вале касе осеб надидааст.
Дар ҷазираи Ҳонолулу ва Ҳавайӣ мошинҳои зиёде дар роҳ банд мондаанд, чун мардум аз бими сунамӣ аз соҳилҳо мегурезанд, то дар баландиҳои амн паноҳ ёбанд. Дар Ҷопон мавҷҳои азим чанд наҳанги бузургро ба соҳил андохтаанд. Маркази зилзиласанҷии Русия гуфт, мумкин аст, пасларзаҳо то як моҳи дигар идома кунанд ва то ба 7.6 дараҷа бирасанд, ки ин гуна заминларза ҳам сабаби сунамӣ мешавад.