Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Боқимондаҳои ҷасади Сумая Иброҳимова, сокини 39-солаи ноҳияи Файзободро баъди бештар аз ҳафт моҳ ёфта, дафн карданд.
Боқимондаҳои ҷасади Сумая Иброҳимова, сокини 39-солаи ноҳияи Файзободро баъди бештар аз ҳафт моҳ ёфта, дафн карданд.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ӯ кушта шудааст, аммо маълум нест, чаро ёфтани ҷасад ва гумонбар ин қадар тӯл кашида.
Баъзе аз мухолифони ҳукумати "Толибон" нақшаи худро барои ислоҳи вазъ ва ҳалли мушкили мардуми Афғонистон баён доштанд. Суҳбатҳо дар ҷараён ва ҳошияи “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе садо дод. Нишаст 28-уми ноябр ба поён расид.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, барои озод кардани ин кишвар аз зери итоати “Толибон” пеш аз ҳама шикофҳои эҷодшударо дар ҷомеа бояд дарбеҳ кард. Ин нуктаро Алӣ Майсам Назарӣ, раиси бахши равобити хориҷии Ҷабҳа, дар шаҳри Душанбе баён дошт. Идомаро дар видео бинед.
Баъди бештар аз ду соли ҳокимият дар Афғонистон, "Толибон ҳамоне боқӣ мондаанд, ки дар солҳои 1990 буданд". Ин нукта дар ҳамоиши "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" дар Душанбе садо дод.
Дар Душанбе бо ширкати 150 коршиноси минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамоиши дурӯза оид ба мушкилоти Афғонистон ҷараён дорад
Дар Тоҷикистон манъи истифодаи телефон ё гаҷетҳое, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашудаанд ва ё аз расмиёти гумрукӣ нагузаштаанд, оғоз шуд. Ин иқдом харҷи корбарони телефонҳои мобилиро зиёд ва онҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Сабти рамзи IMEI телефонҳои сокинон дар Тоҷикистон акнун пулакӣ шудааст ва ин иқдом нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овардааст. Мардумро бештар пардохтҳои гумрукие нороҳат намудааст, ки бояд пардохт кунанд.
Як сокини ноҳияи Варзоб наздик ба як моҳ боз интизори пайдо кардани ҷасади духтари ғарқшудааш аст.
Як модари ғамзада аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархост дорад, ки барои муваққатан боздоштани маҷрои оби наҳри Варзоб мусоидат намояд. Духтари ноболиғи зан аввали моҳи ноябр дар ин наҳр ғарқ шуд. Хоҳиши модари дилреш ин аст, ки ҷисми беҷони фарзандашро ба хок супорад, то андаке таскин ёбад.
Мақомоти ҳифзи меҳнат дар Тоҷикистон як ширкати бинокорро барои поймол кардани ҳуқуқи коргаронаш ҷарима баста, ҳамчунин масъулони онро муваззаф кардаанд, ки даҳҳо ҳазор сомонӣ қарзи музди маоши коргаронро пардохт намоянд.
Пайвандони як ҷавони 25-сола дар шаҳри Ҳисор мегӯянд, кормандони мақомоти интизомӣ бемории равонӣ доштани фарзандашонро ба эътибор нагирифта, ӯро ба артиш бурдаанд.
Хонаводаи як зани 39-сола дар ноҳияи Файзобод беш аз шаш моҳ аст духтари бедаракшудаашонро ҷустуҷӯ доранд.
Аз рӯйи хабару гузоришҳои мақомоти умури дохилӣ, мавридҳои дуздии пул аз хонаву дохили мошини шаҳрвандон дар Тоҷикистон бештао шудааст. Ин бор хабарнигорони "Озодӣ" аз мардум пурсиданд, ки пулҳои худро дар куҷо нигоҳ медоранд ва барои эмин нигоҳ доштан куҷоро беҳтар меҳисобанд?
6-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Дар Қонуни асосӣ пешбинӣ шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда фароҳам меорад ва ҳама дар назди қонун баробаранд.
Пурсиши Радиои Озодӣ дар Рӯзи Конститутсия дар кӯчаҳои Душанбе барпо шудааст
Гаронии нархи мева дар бозорҳои Тоҷикистон баъзе аз сокинонро нигарон кардааст.
Як намоишгоҳи байнулмилалӣ 26 октябр бо ҳузури беш аз 50 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ дар Душанбе ифтитоҳ шуд. Дар онҷо маҳсулоти кишоварзӣ, бинокорӣ, нӯшоба, либос, ҳунарҳои дастӣ ва заргариро ба намоиш мондаанд. Тоҷирон онро фурсате барои ёфтани ҳамкорони хориҷӣ медонанд. То куҷо комёб хоҳанд шуд?
Сокинон дар Тоҷикистон мегӯянд, пайомадҳои болоравии беисти нархи гази моеъро дар зиндагии худ эҳсос мекунанд. Ба қавли онҳо, ронандагон роҳкироро ба маротиб боло бурдаанд, на танҳо аз самти Душанбе ба минтақаҳои дигар, балки дар дохили пойтахт низ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазъро шарҳ намедиҳад.
Баъди беш аз ду моҳи болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон пайомадҳои он аллакай ба зиндагии сокинон эҳсос мешавад.
Ёфтҳои бештар