Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки аз моҳи сентябр маошу нафақаи мардумро зиёд хоҳанд кард. Баъзе аз сокинон онро мусбат арзёбӣ карданд. Иддае дигар гуфтанд, мумкин аст, то он вақт арзиши молу маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафта, таъсири онро ба зиндагияшон ночиз гардонад.
То анҷоми соли 2024 ҳамагӣ чор рӯзи дигар мондааст. Аз рӯи одат одамон барои соли оянда ба якдигар орзуву таманниёти нек баён мекунанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз мардум орзу ва таманниёташон барои соли 2025-ро пурсиданд.
Бо сардтар шудани ҳаво дар Тоҷикистон, шикоят аз норасоии барқ бештар шудааст. Бар асоси муқаррарот, мардум бояд рӯзе то 10 соат бо нерӯи барқ таъмин бошанд, аммо сокинони баъзе аз минтақаҳо мегӯянд, ин меъёр риоят намешавад ва онҳо нерӯи барқу рӯшаниро ба сахтӣ мебинанд.
Кӯча сард, вале дохили биноҳо аз он ҳам сардтар будааст. Ин суханони баъзе сокинони Тоҷикистон аст, ки аз камбуди ненрӯи барқ азият мекашанд.
Моёншо Назаршоев, донишманд ва сиёсатмадори тоҷик, агар умр вафо мекард, рӯзи 17-уми декабр ба синни 95 мерасид. Ӯ сӣ сол пеш дар хонааш дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Сабабгорони маргашро то ҳол пайдо накардаанд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки аз соли 1990 борҳо ба ҷиноҳҳо тақсим шудааст, номзадии панҷ намояндаашро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод кард. Интихобот дар моҳи марти 2025 баргузор хоҳад шуд. Созмону кишварҳои ғарбӣ то ин дам ягон интихоботро дар Тоҷикистон озод надонистаанд.
Як сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро, ки дар ҷанги зидди Украина аз манаҳаш захм бардошта, ба гуфтаи вакили мудофеъ, "вазъи рӯҳиву равонияш хуб нест", барои санҷиши пизишкӣ аз Душанбе ба Екатеринбург бурдаанд.
Муҳлатеро, ки ба 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик барои ислоҳи камбудҳо ва пешгирӣ аз ихроҷу муҷозот шуданашон дар Русия додаанд, тақрибан ба поён мерасад. На ҳамаи муҳоҷирон дар бораи тафтиши номи худ ва роҳҳои берун овардани он аз рӯйхати "шахсони зери назорат" огоҳии кофӣ доранд.
Дар ду рӯзи ахир тақрибан 60 муҳоҷир ё паноҳҷӯйи афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ (берун) карда шудаанд. Сабаби ихроҷи онҳо маълум нест. Вале як корманди консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирон ба воситаи гузаргоҳи "Шерхон Бандар" ба Афғонистон гузаштанд.
Мақомоти Русия нисбат ба як сарбози пойгоҳи 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Айбномаи Ян Букини 22-сола рӯзи 27-уми ноябр дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе эълон шуд.
Асомиддин Назиров, сокини ноҳияи Сангвор, ки дувоздаҳ сол боз барои кор ба Русия меравад, ҷонибдори ташкили Бунёд (Фонд)-и кумак ба муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳост. Ӯ бовар дорад, ки дар мавридҳои ночорӣ муҳоҷирони ниёзманд аз пули он метавонанд баҳраманд шаванд.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз пули фиристодаи муҳоҷиронро ошкор намекунанд. Дар як нишаст дар Душанбе рӯзи 22-юми ноябр нақши барҷастаи онҳо дар таъмини хонаводаҳо ва иқтисоди ҷумҳурӣ эътироф карда шуд.
Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷик, мегӯяд, бар асоси баёноти зерҳимояаш, Шамсуллоҳ Ҳамроҳзода, дар бораи "ришвахории чанд маъмури Додситонӣ" ба мақомот нома навишт, вале онҳо ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала, нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷик, мегӯяд, бар асоси баёноти як зерҳимояаш дар бораи "ришвахории чанд маъмури Додситонӣ" нома навишт, вале мақомот ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала, нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Як фаъоли ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон мегӯяд, истихроҷ ва истифодаи аз меъёр зиёди ангишт ҳавои кишварро олуда ва гузаштан ба иқтисоди сабзро халалдор мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ батакрор аз гузариш ба иқтисоди сабз ҳамчун ҳадафи кишвар дар 15-20 соли оянда хабар медиҳанд. Аммо шубҳа ба иҷрои чунин нақшаҳо зиёд аст.
Бо сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон шикоят аз “лимит”-и барқ ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шудааст. Мақомот чун ҳамеша аз сокинон даъват доранд, ки барои зимистон омодагӣ бинанд. Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки чӣ омодагӣ дидаанд ва хонаҳои худро чӣ гуна гарм мекунанд?
Даромад ё фоида аз таваққуфгоҳҳо (ҷойи ист)-и пулакии мошинҳо дар шаҳри Душанбе, бар асоси ҳуҷҷатҳо, миёни ҳукумат ва сармоягузорони тарҳ панҷоҳ бар панҷоҳ тақсим мешавад.
Ёфтҳои бештар