Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Сокинони чанд маҳаллаи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, бо гузашти 5 моҳ аз вайрон шудани ягона пули мошингузарашон касе ба суроғашон намеояд.
Як муассисаи байналмилалии молӣ пешгӯӣ кардааст, ки мумкин аст, имсол коҳиши эҳтимолии пули муҳоҷирони корӣ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон асар гузошта онро суст кунад.
Баҳси як ширкати сохтмонӣ бо аъзои хонаводае, ки чаҳор нафараш маъюбанд, то додгоҳ расидааст, вале ҳалли ниҳоии худро наёфтааст.
Бо афзоиши сохтмони баландошёнаҳо дар Душанбе шикоят аз ноадолатиҳо ва нодида гирифтани ҳаққи сокинон низ зиёд шудааст. Як хонаводаи иборат аз чаҳор маълул аз як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе шикоят доранд, ки ноодилона замини онҳоро гирифта мехоҳад, дар ҷояш баландошёна созад.
Пайвандони Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба навиштаи расонаҳои русӣ, ба раиси зиндони 19 дар вилояти Волгоград ҳамла карда, зиндонбонҳо ва чанде аз маҳбусонро гаравгон гирифтаанд, аз ин хабар такон хӯрдаанд. Онҳо мегӯянд, ба ин хабарҳо бовар надоранд.
Пайвандони Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гаравгонгирӣ дар зиндони Волгогради Русия муттаҳам ва дар амалиёти нерӯҳои вижа кушта шуданд, ба фарзияи мақомоти рус дар бораи пайравии онҳо аз гурӯҳҳои тундрав бовар надоранд.
Миҷгона Фатҳуллоева, раққосаи дастаи ҳунарии “Падида”, дареғ мехӯрад, ки солҳои охир бархӯрди ҷомеаи Тоҷикистон ба рақси зан дигар шудааст.
Дар Тоҷикистон ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки зери фишори ҷомеаи муҳофизакор ва ҳоло мазҳабӣ мумкин аст, яке аз ҳунарҳои қадима ва зебои тоҷикон, яъне рақс аз байн биравад. Рақсидану раққосиву раққосагӣ солҳои ахир ба истилоҳ обрӯяшро аз даст додааст.
Рубли Русия дар шаш моҳи имсол дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба пули асосӣ табдил ёфтааст.
Рубли Русия дар шаш моҳи имсол дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба пули асосӣ табдил ёфтааст. Ин нуктаро Фирдавс Толибзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми август дар ҳузури хабарнигорон эълон кард, вале баъзе аз тоҷирон ба дурустии он шубҳа доранд.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Шабакаҳои тақсимоти барқ беш аз 23 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуда, бар зидди чанде аз кормандони ин идора парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Дар Тоҷикистон баҳс сари паёмакҳои қарз аз нерӯи барқ идома дорад. Бисёриҳо мегӯянд, пули барқро саривақт месупориданд, ҳоло намедонанд, ки ин қарз аз куҷо омадааст. Аз тарафи дигар фақат дар Душанбе даҳ корманди Шабакаҳои тақсимоти барқро барои дуздии пули нерӯи барқ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.
Заур Дахте, аккос ва филмбардори шинохтаро дар оромгоҳи “Шоҳмансур”-и Душанбе ба хок супурданд. Наздиконаш гуфтанд, Заур Дахте 15-уми август дар як тасодуфи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб ҳалок шуд.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мегӯяд, пули муштариёни бонкҳои муфлисшударо "марҳила ба марҳила медиҳанд", аммо санаву омори дақиқеро ба забон наовард. Баъзе аз амонатгузорон, аз ҷумла Солеҳамо Самадоваи 76-сола аз Душанбе шикоят доранд, ки аз масъулон фақат "пул нест" мешунаванд.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз тасарруфи беш аз 120 миллион сомонӣ дар сохторҳои Вазорати дифоъ хабар дод. Ба иттилои оҷонсӣ, барои ин ҷиноят 52 масъули ин ниҳод ва дигар идораҳои муҳими давлатӣ боздошт шудаанд.
Дар ним сол 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳудуди Русия ихроҷ (депортатсия) кардаанд.
Гази моеъ, ки қисми зиёди мошинҳои Тоҷикистон бо он ҳаракат мекунанд, дар ду ҳафтаи охир дар Душанбе камчин шуда, дигарбора нархи он боло рафтааст. Муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзоиши баҳои гази моеъро “муваққатӣ” донист ва ба “омилҳои мавсимӣ” пайванд дод. Дигарон чӣ мегӯянд?
“Вақте занҳои муҳоҷир аз Русия ронда мешаванд ё бо хоҳиши худ бармегарданд, зиёд дар онҷо монан намехоҳанд. Дар Тоҷикистон маош ва шароити хуб нест, барои ҳамин, маҷбуранд дигарбора роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд.”
Ёфтҳои бештар