Чанд ҳафта пеш Русия ҳукуматеро дар Афғонистон ба расмият шинохт, ки Толибон наздик ба чаҳор сол пас аз суқути ҳукумати пешин, дар Кобул ташкил карданд. Кишварҳои Осиёи Миёна дар ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон шитоб надоранд.
Аммо гуфтугӯҳое дар бораи тарҳҳои зербиноӣ ва тавсеаи тиҷорат бо Толибон ҷараён дорад. Чин низ, ки ҳамсояи бузурги дигаре дар минтақа аст, дар заминаи наздикии Осиёи Миёна бо Афғонистон, алоқаманд аст.
НАБУДИ СТРАТЕГИЯИ ЯГОНА ДАР РОҲИ ОҲАН ВА ТИҶОРАТ
Дар аввалҳои моҳи июл, ҳайати баландпояе аз Қазоқистон бо раҳбарии Мурод Нуртлеу ба Кобул сафар кард ва бо мақомҳои Толибон мулоқот намуд. Ду тараф созишнома барои бунёд ва истифода аз хатти роҳи оҳанро, ки Осиёи Миёнаро бо Ҷануби Осиё пайваст мекунад, имзо карданд.
Остона тамоюли худро барои бунёди роҳи оҳан аз Турғундӣ то Ҳирот эълон кард. Қазоқистон ҳозир аст 500 миллион доллар дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунад, ки баробар ба ҳаҷми содироти Қазоқистон ба Афғонистон дар соли 2024 аст.
Мурод Нуртлеу гуфт, "Афғонистон шарики муҳими мост ва мехоҳем робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро фаъолона рушд диҳем. Ҳадаф, афзоиши ҳаҷми тиҷорат то 3 миллиард доллар аст, ки ҳар ду тараф онро тайъид кардаанд. Қазоқистон омода аст маҳсулоти зироатӣ, нафтӣ, маводи маъданӣ ва маводи кимиёвиро ба Афғонистон содир кунад".
Пештар дар моҳи апрел, Серик Жумангарин, муовини дигари сарвазири Қазоқистон низ ба Кобул сафар карда буд. Дар он сафар, Остона алоқаи худро ба коркарди захираи маъдани Афғонистон нишон дод.
Далели сафарҳои мақомҳои Қазоқистон рӯшан аст: Ин кишвар, ки роҳи мустақим ба баҳр надорад ва нафти худро асосан аз тариқи Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ мерасонад, ба дунболи масирҳои ҷойгузин аст ва мехоҳад роҳҳое барои ҳамлу нақли маҳсулоти худ ба бандарҳои баҳрӣ биёбад. Илова бар ин, Остона, ки бозори ғалладона ва орди худро ба далели Русия дар кишварҳои Осиёи Миёна аз даст додааст, ҳоло умедвор ба густариши содирот ба Афғонистон аст.
Узбекистон, дувумин иқтисоди бузурги Осиёи Миёна, низ гомҳое барои рушди тиҷорат бо Афғонистон бардоштааст. Як ҳафта пас аз сафари вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, ҳайате аз Узбекистон ба Кобул рафт, ки дар барномаи он тарҳи хати роҳи оҳан қарор дошт. Дар санаи 18 июл, мақомоти Узбекистон, Покистон ва Толибон созиш карданд, то баррасиҳои иқтисодӣ ва фаннии коридор ё даҳлези транзитии "Транс-Афғон"-ро анҷом диҳанд, ки шаҳри Тирмизро ба Пешовари Покистон пайваст мекунад.
Вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон, Амирхон Муттақӣ, ва вазирони корҳои хориҷии Покистон ва Узбекистон Исҳоқ Дор ва Бахтиёр Саидов дар маросими имзои тавофуқномаи баррасии имкониятҳои бунёди ин роҳи оҳан, ҳузур доштанд.
Узбекистон ки ба таври суннатӣ дар сиёсати хориҷӣ фаъол аст, нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна зудтар робитаҳои худ бо Толибонро тақвият бахшидааст. Нахуствазири ин кишвар дар соли 2024 ба Кобул сафар кард ва муовини раиси вазирони ҳукумати Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар, низ имсол ба Тошканд рафт. Ду тараф дар бораи коҳиши таърифаҳо ва сармоягузории Узбекистон дар тавлиди гази Афғонистон тавофуқ карданд.
Туркманистон ҳам дар бораи тарҳи TAPI -- хати лӯлаи гази убурӣ аз Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд, бо Толибон гуфтугӯ дорад ва мехоҳад гази худро ба ҷануб содир кунад.
Қирғизистон, ки соли гузашта Толибонро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ берун кард, алоқаманди густариши робитаҳо бо Афғонистон аст.
Тоҷикистон танҳо кишваре дар минтақа аст, ки аз тақвияти робитаҳои густурдаи тиҷорӣ бо Толибон худдорӣ мекунад, ки ин мавзуъ, набуди стратегияи муштараки минтақаӣ дар бораи Афғонистонро нишон медиҳад.
Алишер Илҳомов, раиси Созмони мутолеоти Осиёи Миёна дар Лондон мегӯяд, "мавзеи Тоҷикистон ба вазъияти тоҷикҳо дар Афғонистон ва коҳиши нуфузи онҳо дар ниҳодҳои ҳукуматӣ дар муқоиса ба гузашта, вобаста аст. Ин масъала барои Тоҷикистон ҳассос аст ва ба ҳамин далел, то кунун аз тарҳи стратегияи муштарак бо Толибон худдорӣ кардааст".
ОЁ ЧИН АЗ ИН ВАЗЪИЯТ ФОИДА МЕБИНАД?
Афғонистон танҳо кишваре фақир бо манбаъҳои табииӣ дастнохӯрда нест, балки як чорроҳии геостратегии муҳим аст, ки Осиёи Миёнаро ба Халиҷи Форс мепайвандад. Чин низ монанди Осиёи Миёна мехоҳад масирҳои тиҷорӣ ва стратегии худро аз тариқи пайваст шудан ба Афғонистон густариш диҳад. Агар Афғонистон бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон аз тариқи роҳи оҳан васл шавад, арзиш ва имкониятҳои масири Осиёи Миёна афзоиш меёбад, масире, ки Чин барои интиқоли колоҳо ба Аврупо аз тариқи Осиёи Марказӣ, Баҳри Хазар, Қафқоз ва Туркия истифода мекунад. Ба ин тартиб, Пекин метавонд масирҳои заминии худро дигаргун ва рушд диҳад ва Афғонистон бахше аз тарҳи иқтисодии "Як камарбанд, як роҳ" шавад.
Алишер Илҳомов мегӯяд, "бунёди масирҳои логистикӣ аз тариқи Афғонистон, ибтикори "Як камарбанд, як роҳ"-и Чинро тақвият мекунад. Манофеи Чин бо он кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки фурсатҳои логистикӣ аз тариқи Русияро аз даст додаанд, ҳамоҳанг хоҳад шуд. Агар Чин дар сохти масирҳои тиҷоратӣ аз тариқи Афғонистон сармоягузорӣ кунад, нуфузаш дар ҳамаи минтақа, ки шомили Осиёи Миёна, Афғонистон ва Покистон аст, ба таври чашмгир афзоиш меёбад. Яъне Чин на танҳо аз назари иқтисодӣ, балки аз назари сиёсӣ-геополитикӣ ҳам суд мебарад".
Аз соли 2000 Чин таваҷҷуҳи вижае ба ҳамкории наздик бо Осиёи Миёна кардааст ва ин минтақаро бахше муҳим аз "марзи заминии Авруосиё" медонад, ки Аврупо, Осиёи шарқӣ ва ҷанубиро ба ҳам пайваст мекунад. Ин минтақа барои Чин манбаи муҳиме аз маводи хом аст, то иқтисоди худро тақвият кунад.
Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири ҳукумати Толибон дар 24 июли соли 2024 дар вилояти Лугар дар маросими ифтитоҳи тарҳи маъдани "Миси Айнак", ки қарордоди он ба Чин вогузор шуда буд, иштирок кард. Ин дувумин маъдани бузурги мис дар ҷаҳон аст.
Пекин дар вилояти Шинҷон, дар шимол-ғарби Чин, миллиардҳо доллар дар бунёди роҳҳо ва хати роҳи оҳан сармоягузоӣ кардааст. Ин минтақа аз муддатҳои дароз шоҳиди эҳсосоти ҷудоиталабонаи туркзабон, чун ӯйғурҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо буд, ки аз ҳукумати марказии Чин норозӣ ва хоҳони худмухтории бештар ҳастанд. Чин Шинҷонро ба як пойгоҳи саноатӣ ва кишоварзӣ табдил кардааст ва ҳамчунин дар Осиёи Миёна дар тарҳҳои зербиноӣ сармоягузорӣ кардааст.
Ин муомила натиҷа додааст ва агар дар соли 1998 тиҷорати Чин ва кишварҳои Осиёи Миёна камтар аз ним миллиард доллар буд, аммо дар соли 2024 ба наздики 95 миллиард доллар расид.
Майкл Кларк, устоди Донишгоҳи Гриффит дар Австралия дар соли 2013 навишт, ки Чин назарияи "Осиёи Миёнаи Бузург"-ро рӯи даст гирифтааст, ки на танҳо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, балки Афғонистонро низ дар бар мегирад. Ӯ навишт, Чин ҳадафҳои гуногун дорад: тазмини амнияти марзи Шинҷон бо Афғонистон, рушди робитаҳои иқтисодӣ бо минтақа, дастрасӣ ба манбаъҳои табиӣ ва пешгирӣ аз нуфузи қудратҳои ғарбӣ.
Дар моҳи июни соли 2025 дар нишасти Осиёи Миёна-Чин дар Остона, раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин хостори ҳамкориҳои густурда бо Афғонистон шуд, то заминаи бозсозӣ ва рушди ин кишварро фароҳам кунад.
Дар ин сафар ӯ бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот кард. Ӯ дар дидор бо раҳбарони панҷ кишвари минтақа гуфт, "мо бояд ҳамоҳангии худро тақвият кунем, то Афғонистон тавони пешрафт дошта бошад ва заминаи сулҳ, субот, бозсозӣ ва рушди ҳарчӣ сареътар фароҳам шавад".
Дар ин нишаст президентҳои Қазоқистон ва Узбекистон низ аз ҳимояти худ хабар доданд. Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, густариш ва робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Афғонистон ин кишварро аз инзивои байналмилалӣ берун мекунад. Шавкат Мирзиёев, пешниҳод кард, ки як гурӯҳи кории олирутба бо ҳузури ҳама кишварҳои Осиёи Миёна ва Чин барои баррасии ҳамкориҳо бо Афғонистон ташкил шавад.
Сармоягузорӣ дар Афғонистон метавонад барои кишварҳои Осиёи Миёна, ки дар минтақаи хушк ҷойгир шудаанд, фоидаи иқтисодӣ дошта бошад, аммо сармоягузорӣ дар чунин кишваре пурхатар аст.
Алишер Илҳомов мегӯяд, "риски сармоягузорӣ дар Афғонистон ба эҳтимоли ногаҳонӣ бад шудани вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва радикалтар шудани бахше аз Толибон вобаста аст. Ин мумкин аст, ба тақсими кишвар ба минтақаҳои мухталиф таҳти назорати фармондеҳони маҳаллӣ боис шавад, ҳамон гуна, ки дар даҳҳаҳои гузашта шоҳид будем".
Ба расмият шинохта нашудани Толибон дар сатҳи байналмилалӣ низ ба бесуботии вазъ доман мезанад. Русия танҳо кишваре аст, ки Толибонро ба унвони ҳукумати расмии Афғонистон ба расмият шинохтааст. Бо вуҷуди инки кишварҳои Осиёи Миёна таҳти нуфузи Маскав ҳастанд, ба назар мерасад манфиатҳои миллии худ ва эҳтимолан манфиатҳои ҳамсояи бузургро ҳам дар назар мегиранд.
Алишер Илҳомов меафзояд, "феълан кишварҳои Осиёи Миёна бо Толибон бархӯрди нисбатан мустақиле доранд. Аммо агар Чин вориди ин бозӣ шавад, таъсири он бар вазъияти геополитикии минтақа ба таври чашмгире афзоиш хоҳад ёфт. Ин ба зарари кишварҳои ғарбӣ аст, ки ҳанӯз далоили гуногуне доранд Толибонро ба расмият нашносанд ва дар иқтисоди Афғонистон сармоягузорӣ накунанд ва ҳамчунин бар манфиати Русия таъсири манфӣ дорад, зеро Русия чандон моил нест масирҳои ҷойгузини тиҷорӣ сохта шавад, ки аз хокаш нагузарад".
Гуфтугӯ