Артиши Исроил рӯзи якшанбеи 27-уми июл эълон кард, ки бо ҳадафи расондани ёриҳои бештар ба сокинони Ғазза, дар чанд минтақаи ин борика рӯзона амалиёти ҷангиро қатъ мекунад. Созмонҳои имдодрасон ҳушдор додаанд, ки "қаҳтии васеъ" дар Ғазза дар ҳоли густариш аст.
Муовини нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурод Нуртлеу дар сафар ба Кобул бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси вазирони ҳукумати Толибон мулоқот кард.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 23-уми июл эълон кард, ки барои тақвияти тавоноии дифои ҳавоӣ ва мошинҳои ҷангии Украина бо арзиши 322 миллион доллар ба ин кишвар аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ мефурӯшад.
Дар Покистон қатли ду маъшуқ бисёриҳоро ваҳшатзада кардааст, ки барои ошиқ шудан ба ҳам ва издивоҷи бидуни иҷозаи қабилаашон ваҳшиёна кушта шудаанд. Мақомоти вилояти қабоилнишини Балучистон рӯзи 21-уми июл натиҷаҳои таҳқиқи пешакӣ дар бораи қатли ду ҷавон дар мазҳари омро гузориш доданд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, даври нави музокироти сулҳ бо Русия ба рӯзи 23-уми июл дар Туркия таъйин шудааст ва дар замоне кишварҳои ғарбӣ фишорҳоро ба Маскав афзоиш додаанд, то ба созиши оташбас ризоият диҳад.
Нуфузи Русия дар марзҳои ҷанубиаш, ба вижа дар Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Маскав ҳамчунон даргири ҷанг дар Украина аст, рӯ ба заъф гузоштааст.
Комилан даст кашидан аз ғанисозии уран, қатъи тавлиди мушакҳо бо бурди зиёда аз 300 мил (482 километр) ва худдорӣ аз ҳимояҳои гуруҳҳои шибҳинизомӣ дар Ховари Миёна, аз шартҳои Бенямин Нетаняҳу барои ҳимоят аз тавофуқ бо Эрон будааст.
Серебренитса, Босния ва Ҳерзеговина. Нермин Ҷатич ҳар сол аз хонааш дар Шведсия ба Босния меравад, то дарҳои хонаи холии хонаводаашро боз кунад.
Амрико нисбати як гузоришгари мустақили СММ, ки масъули таҳқиқ дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои фаластинӣ аст, таҳримҳо ҷорӣ мекунад.
Ёфтҳои бештар