Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯи ихроҷшуда аз Тоҷикистон: "Хонаводаам дар онҷо монд"


Дар Тоҷикистон бештар аз 9 ҳазор паноҳҷӯ ва муҳоҷири афғон зиндагӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон бештар аз 9 ҳазор паноҳҷӯ ва муҳоҷири афғон зиндагӣ мекунанд.

Бино ба як гузориши тозаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират танҳо дар зарфи 10 рӯзи моҳи июл бештар аз 1000 нафар аз афғонистониҳо аз Тоҷикистон ба кишварашон баргаштаанд ва аксарияташон ихроҷ шудаанд.

“Моро аз Тоҷикистон маҷбур ихроҷ карданд. Пасспортҳои моро онҷо монданд, худамонро ихроҷ карданд. Кортҳои сурхамонро гирифтанд. Депорт шудем, дигар, депорти иҷборӣ.” Порчае аз мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо як шаҳрванди Афғонистон, ки чанде пеш аз Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

Ӯ ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди доштани санадҳои қонунӣ маъмурони амниятии Тоҷикистон ӯро дар ҷойи кораш боздошт карда, сипас ба Афғонистон фиристодаанд. Ӯ, ки ҳоло дар шаҳри Кобул аст ва ба далели ҳассосияти мавзу нахост, номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хонаводааш дар Тоҷикистон мондааст.

Ӯ афзуд: “Мо таваққуи ин чизро надоштем. Дар ҳоле, ки мо санади расмӣ доштем аз давлати Тоҷикистон. Хонаводаамон дар онҷо, бисёр диламон ноором аст. Дигар дар Кобул ҳам ин мушкилро худамон дорем, ки хона надорем. Хона қимат аст, хона пайдо намешавад. Феълан ман дар хонаи хоҳарам ҳастам, хонаашон танг аст. Мушкилот дорем. Дар шаҳри Кобул ҳам кор нест, ки одам кор кунад. Рӯзгор бароямон сахт мешавад.”

Шуморе аз афғонистониҳои сокини Тоҷикистон мегӯянд, ихроҷи паноҳҷӯён ва ё муҳоҷирони афғонистонӣ зиёдтар шудааст. Яке аз онҳо, ки ба сабаби ҳассосияти мавзуъ нахост, номаш дар гузориш бурда шавад, гуфт: “Дар зарфи 10 рӯз, 15 рӯз бештар аз 3-4 ҳазор нафар рафт. Фақат соати 3-4 субҳ, мехоҳанд, ки торикӣ бошад, дар пеши амният пасспортҳояшонро медиҳанд, мушахасоти ронандаро мегиранд, мегӯянд, ки инро ба марз бубар.”

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар як гузориши тозае дар бораи равуо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфтааст, ки дар муддати 10 рӯз дар моҳи июл бештар аз 1000 нафар ба Афғонистон баргаштаанд. Созмони мазкур рӯзи 28-уми июл бо нашри ин гузориш гуфтааст, 93 дар сади ин афрод, ки аз рӯзи 17 то 27-уми июл аз гузаргоҳи Шерхон-Бандар ба вилояти Қундуз гузаштаанд, аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Ба гуфтаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират гузориши мазкур бар асоси мусоҳиба бо 110 нафар омода шудааст, ки бештари онҳо аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд бозгаштаанд. Дар гузориш омадааст, ки 59 дар сади ин афрод гуфтаанд, ки бинобар аз даст додани кор дар Афғонистон ва ё барои кор ба Тоҷикистон рафта буданд. Чиҳилу ду дар сад гуфтаанд, ки бо ҳадафи сафар ба кишвари дигаре ба Тоҷикистон ва 14 дар сад барои дидани хонавода рафта будаанд.

Дар муқаддимаи гузориш омадааст, ки Созмони Байналмилалии Муҳоҷират пас аз нашри гузоришҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷи афғонистониҳо аз Тоҷикистон як гурӯҳеро, ки рафтуомади мардумро баррасӣ ва сабт мекунад, ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ва ҳаммарз бо ноҳияи Панҷ дар вилояти Хатлон фиристод. Ин гурӯҳ раванди рафтуомади афродро зери назар гирифта, иттилоот дар бораи омаду рафти муҳоҷиронро ҷамъоварӣ ва таҳлил мекунад.

Чанд рӯз пештар аз ин хабаргузории давлатии “Ховар” баёнияи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро нашр кард, ки дар он омадааст, муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бархе аз онҳо "ғайриқонунӣ" вориди кишвар шудааанд ва шуморе аз онҳо қоидаҳои иқоматро риоят намекунанд. Дар баёния омадааст, ки "ин афрод дар ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари севум, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва муомилаи ғайриқонунини маводи мухаддир", даст доштаанд.

Ин иддаоҳоро муҳоҷирону паноҳҷӯёни муқими Тоҷикистон рад мекунанд. Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, ки аз нооромӣ ва тарси "Толибон" ба Тоҷикистон фирор кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG