Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали шатранҷбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шатранҷбозони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Марказӣ байни наврасон, ки рӯзҳои 20-28-уми июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуд, ду медал (як тилло ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Иттиҳоди шоҳмоти Қирғизистон, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Марказӣ беш аз 400 шатранҷбози навраси синашон аз 8 то 18-сола аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок карданд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 17 шатранҷбози наврас, аз ҷумла 10 писар ва 7 духтар, шомил буданд.

Ҷалолиддин Илҳомӣ дар сабқати шатранҷбозони то 18-сола барандаи медали тилло гардид. Намояндаи дигари Тоҷикистон Муродалӣ Сайфиев дар сабқати шатранҷбозони то 8-сола соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Мусобиқот бо дастгирии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) ва Федератсияи шоҳмоти Осиё баргузор шуда, мақоми мусобиқоти интихобӣ бо ҳуқуқи додани унвонҳои байналмилалии варзиширо гирифтааст. Фонди ҷоизавии мусобиқот 12 ҳазор долларро ташкил медод.

Илҳом Юнусов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, аҳамияти иштироки шатранҷбозони наврасро дар мусобиқоти байналмилалӣ таъкид намуда, гуфт, "чунин мусобиқот дар рушду густариши маҳорати шатранҷбозон нақши калидӣ дошта, имкон медиҳад, ки онҳо таҷрибаи пурарзиш касб карда, дар минтақа ном бароранд".

XS
SM
MD
LG