Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки падари писари 15-солаеро, ки баъди шиканҷаи золимона ба ҳалокат расид, дастгир кардааст. Дафтари матбуоти вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайти худ рӯзи 29-уми июл гуфтааст: “Гумонбаршаванда 26-уми июли соли 2025, тахминан соати 10:00, писари ноболиғи 15-солааш барои дуздии пулаш дар моҳи майи соли 2025 ба миқдори 800-сомонӣ ва бори дуюм моҳи июли соли 2025 ба миқдори 600-сомонӣ гумонбар донистааст.
Вазорат номи падарро ошкор накардааст, аммо бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, гумонбар Парвиз Одинаев, сокини 40-солаи ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода аст. Вазорат гуфтааст, ки Парвиз Одинаев, барои гирифтани иқрор аз писари 15-солааш Хисрав Одинаев, ӯро ба мошини “Тико” савор карда “ба ҷойи беодам, ба заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бурда аз ноқили тахминан думетра истифода бурда аз пойи писараш баста, самти дигари ноқили мазкурро дар қафои воситаи нақлиёташ баста тахминан 100-метр кашола кардааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта дар хонаашон ба ҳалокат расидааст. Дар аксҳои ҷасади наврас, ки дар телефонҳои мечархад, осори зиёди захм ва бадану кабуду сиёҳ дида мешавад.
Навори навраси шиканҷашуда, ки зоҳиран худи падар сабт кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва хашми корбаронро барангехт. Бисёриҳо талаб карданд, ки мард барои ин кораш ҷазо гирад.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳодиса рӯзи 26-уми июл дар наздикии деҳаи Меҳргони ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода рух додааст. Тағоймурод Нурматов, раиси ҷамоати 10-солагии Истиқлолият 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ба маълумоти ӯ, писари ин мард баъди чанд маротиба танбеҳи падар ба хонаи як хешовандашон мегурезад. “Баъдан мард фарзандашро гирифта ба як саҳро мебарад ва ба пушти мошин баста, ӯро кашола мекунад. Аз фаъолони деҳа ҳаминро фаҳмидем, ки гӯё ин мард пештар низ писарашро барои гапногирӣ зада бошад,” – афзуд раиси ҷамоат.
Назари Парвиз Одинаев, ба иттиҳом маълум нест. Хабарнигорони Радиои Озодӣ талош доранд, назари хонаводаро дар бораи ҳодиса бигиранд.
Дар наворе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, навраси олуда ба хоку хуне дида мешавад ва марде аз ӯ марде мепурсад, ки “600 сомониро ту аз хона гирифтӣ?” Ба гуфтаи Раиси ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода, Парвиз Одинаев соли 2007 аз ноҳияи Темурмалик ба деҳаи Меҳргони шаҳри Турсунзода кӯчида омадаанд. Ин деҳа дар наздикии марзи Узбекистон ҷойгир шудааст. Парвиз Одинаев қаблан муҳосиби ҷамоати Регари шаҳри Турсунзода будааст.
Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ба зидди ин мард бо иттиҳоми қасдан расонидани зарар бо оқибатҳои вазнин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз 10 то ба 15 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.