Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп мӯҳлатеро, ки ба Путин дода буд, то "10-12 рӯз" кам кард


Доналд Трамп дар шаҳри Турнберри дар Шотландия.
Доналд Трамп дар шаҳри Турнберри дар Шотландия.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, мӯҳлати таъйиншуда барои созиши оташбас бо Украинаро, ки ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дода буд, то 10-12 рӯз кам мекунад. Ин дар ҳолест, ки норизоятӣ аз бомбборони пайвастаи Украина ва набуди пешрафт ба барқарории сулҳ меафзояд.

Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 28-уми июл дар шаҳри Турнберри дар Шотландия суҳбат кард ва ба хабарнигорон гуфт, аз Путин “бисёр ноумед аст” ва ниёзе ба сабр барои поёни муҳлати 50-рӯза, ки аввали моҳи ҷорӣ таъйин кард, надорад. Ӯ аз Маскав хоста буд, дар муддати 50 рӯз бо Украина созиши сулҳ бандад, вагарна таҳти таҳримоти сахттаре қарор мегирад.

Ӯ гуфт: “Ман аз имрӯз муҳлати нави 10 то 12-рӯза таъйин мекунам. Доналд Трамп, ки ҳамроҳ бо Кайр Стармер, нахуствазири Бритониё суҳбат мекард, ҳамчунин гуфт: “Вақте шумо бо касе ба андозаи кофӣ муомила дошта бошед, мефаҳмед, ки чӣ кор хоҳад кард ва ё чӣ кор нахоҳад кард. Ман ба Путин як фурсат додам, вале ӯ аз он истифода набурд.”

Доналд Трамп рӯзи 14-уми июл ҳангоми эълони мӯҳлати аввалияи 50-рӯза таҳдид кард, ки ба зидди Русия “таруфаҳои бисёр сахт” ва ё боҷи гароне ҷорӣ мекунад ва афзуд, мумкин аст, боҷи иловагӣ аз он кишварҳое ситонида шавад, ки аз Русия нафту газ мехаранд. Доналд Трамп баъди эълони мӯҳлати кӯтоҳтар афзуд: “Мумкин аст, мо ҳанӯз ҳам бо Русия ба созиш бирасем, вале акнун бисёр дер шуд.”

Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи ҷумъаи гузашта гуфт, ки сабри Трамп дар баробари Маскав “камтар мешавад” ва ӯ дигар “қасди сабр кардан ҳам надорад” ва ба оқибатҳои эҳтимолии бисёр ҷиддӣ барои Русия ишора кард.

Украина аз баёнияи Доналд Трамп истиқбол кард. Андрей Йермак, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Украина дар Телеграм навишт: “Мо ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико барои мавқеи қотеонааш ва паёми рӯшан, ки сулҳ аз роҳи қудрат ба даст меояд, сипос мегӯем.” Русия то кунун ба баёнияи Доналд Трамп вокуниш нишон надодааст.

Ҳайатҳои Украина ва Русия рӯзи 23-уми июн дар Туркия дар бораи сулҳ гуфтугу карданд, вале дар ин даври музокирот, ки аз рӯзи 16-уми май оғоз ёфт, пешрафти ночизе ҳосил шуд.

XS
SM
MD
LG