Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон аз ҳаққи таксиронӣ дар Санкт Петербург маҳрум мешаванд


Дар идомаи қабули фармону қарорҳое, ки шароити кору зиндагӣ барои муҳоҷирон дар Русияро сахт кардаанд, шаҳрдори Санкт Петербург фармон додааст, ки муҳоҷирони корӣ аз ҳаққи таксиронӣ дар шаҳр то охири имсол маҳрум карда шаванд.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ рӯзи 29-уми июл хабар дод, ки қарори мазкурро Александр Беглов раиси шаҳр имзо кардааст ва он то 10 рӯзи дигар ҳукми иҷро мегирад. Ба асоси ин қарор, “шаҳрвандони хориҷӣ, ки бар асоси патент кор мекунанд, ҳақ надоранд, то охири соли 2025 таксӣ ронанд.” Онҳоеро ҳам, ки мошин иҷора гирифта таксиронӣ мекунанд, аз ҳаққи ин кор маҳрум месозанд.

Ба гуфтаи мақомоти Санкт Петербург ҳадаф аз қабули қарор “беҳтар кардани хадамот ва амният дар таксиҳо ва фароҳам сохтани имконоти иловагӣ барои шаҳрвандони худи Русия аст. Ширкатҳое, ки муҳоҷирони кориро ҳамчун ронандаи таксӣ ба кор гирифтаанд, се моҳ фурсат доранд, ки онҳоро ҷавоб диҳанду корманди нав бигиранд.

Ба қавли мақомоти Санкт-Петербург, маҳрум кардани хориҷиён аз ҳаққи таксиронӣ имкон медиҳад, таъсири он ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар шаҳрро арзёбӣ кунанд ва дар сурати натиҷаҳои мусбат додани он шояд таҷриба то моҳи ноябри соли 2025 идома ёбад.

Қаблан ширкатҳои таксӣ ва хадамотрасонӣ мегуфтанд, ки агар чунин қароре қабул шавад, қиматҳо дар Санкт-Петербург ба ҳадди ногуфтанӣ боло меравад.

Ба гуфтаи ширкатҳои хидматрасонии курйерӣ, дар ин ҳол Санкт-Петербург ба шаҳре табдил меёфт, ки курйерҳои он дар Русия назар ба ҳамкоронашон дар дигар шаҳрҳо "пули аз ҳама бештар мегирифтанд" ва ҳаққи кори онҳо ду баробар меафзуд. Қимати таксӣ мумкин буд, аз 10 то 50 дарсад боло равад ва муштариён ҳам муддати дарозе мунтазири таксӣ бимонанд.

Челябинск -- яке аз бузургтарин вилоятҳои саноатӣ ва муҳоҷирпазири Русия, аз соли 2019 муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ ва мусофиркаширо маҳрум кардааст. Бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳо, Русия бузургтарин мизбони муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва бино ба оморҳо, дар он кишвар бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору иқомат мекунанд.

XS
SM
MD
LG