Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик аз Улан-Батор бо як медал бармегарданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 25-27-уми июл дар пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор – баргузор шуд, як медали нуқра гирифт.

Ин нишони ягонаро Масъуди Аҳмадзод, паҳлавони 22-солаи тоҷик, дар “Тоскулоҳи бузург”-и Улан-Батор – дар вазни то 73 кило ба даст овард. Вай дар даври аввал бар варзишгари мизбон Энхтур Ҷугдергарав аз Муғулистон пирӯз шуда, сипас бар Карен Галстян аз дастаи бетараф (IJF) ғолиб омад ва ба чорякфинал роҳ ёфт.

Масъуд дар даври чорякниҳоӣ бар Гаонуи Лин аз Чин ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ Казбек Научевро аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шикаст дода, ба финал роҳ пайдо кард. Аммо Масъуд дар даври ниҳоӣ аз паҳлавони 27-солаи муғул Уранбаяр Одгерел мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт. Ин аввалин медали Масъуди Аҳмадзод дар “Grand Slam” ба шумор меравад

Дарвоқеъ, Масъуди Аҳмадзод дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ, ки моҳи августи соли гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд, дар вазни то 71 кило дар финал Дилшод Буриеви узбекистониро шикаст дода, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Инчунин дар “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025” чор паҳлавони тоҷик - Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило ва Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кило мақоми панҷум, Александра Кан дар вазни то 57 кило ва Мансур Раҳмон дар вазни беш аз 100 кило - мақоми ҳафтумро касб карданд.

Дар “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025” ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар (10 мард ва 2 зан) дохил буданд, ки дар шаш вазн байни мардон ва дар 2 вазн миёни занон рақобат намуданд.

Аммо ҳафт паҳлавони тоҷик - Муллораҷаб Халифаев ва Ёсин Бобокалонов (ҳарду дар вазни 66 кило), Муҳиддин Асадуллоев (дар вазни 73 кило), Мизробшо Лоиқов (дар вазни 90 кило), Муҳсин Малаев ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду дар вазни 100 кило), Виктория Киселёва дар вазни беш аз 78 кило – аз медалу ҷойҳои имтиёзнок бенасиб монданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар “Тоскулоҳи бузург”-и Улан-Батор 236 варзишгар (142 мард ва 94 зан) аз 28 кишвари 4 қораи олам ширкат доштанд.

Пас аз натиҷагирии се рӯзи мусобиқот дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Ҷопон бо касби 12 медал (6 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Муғулистон бо касби 11 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) бо касби 10 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.

Мунтахаби Узбекистон бо касби як медали тилло, як нуқра, як ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум чаҳорум шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали нуқра, ду ҷойи панҷум ва ду ҷойи ҳафтум дар байни 28 кишвар дар зинаи даҳум ҷой гирифт.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро (4000 евро - варзишгар, 1000 евро - мураббӣ), барандагони медали нуқра бо 3000 евро (2400 евро - варзишгар, 600 евро - мураббӣ) ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро (1200 евро - варзишгар, 300 евро - мураббӣ) сарфароз гардиданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо шуданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, ҷойи дуюм - 700, ҷойи сеюм - 500, ҷойи панҷум – 360 ва ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз дода шуд.

Ғолибону ҷоизадорони “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025”:

Мардон

60 кг
1. Ҳирото ШИРАКАНЕ (Ҷопон)
2. Ҳаято КОНДО (Ҷопон)
3. Изнаур СААЕВ (IJF)
3. Сухбат БАЙМАСУРЕН уғулистон)

66 кг
1. Абдураҳим НУТФУЛЛОЕВ (Узбекистон)
2. Денис ВИЕРУ (Молдова)
3. Ҷиҳуяк ЯНГ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Эрхембаяр БАТТОГТОХ (Муғулистон)

73 кг
1. Уранбаяр ОДГЕРЕЛ (Муғулистон)
2. Масъуди Аҳмадзод (Тоҷикистон)
3. Удаи ТАНАКА (Ҷопон)
3. Анханзая ЛАВҶАРГАЛ (Муғулистон)

81 кг
1. Уҳеи ОИНО (Ҷопон)
2. Ҳоҷимурод УМАРОВ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
3. Адам ЧЕЧОЕВ (IJF)
3. Аскербий ГЕРБЕКОВ (Бурунди)

90 кг
1. Руки ОКАДА (Ҷопон)
2. Умар БОЗОРОВ (Узбекистон)
3. Испапил САГАИПОВ (Баҳрайн)
3. Ихвон ЭДИСУЛТОНОВ (IJF)

100 кг
1. Антон СИНЯВСКИЙ (Украина)
2. Жобор ВЕГ (Венгрия)
3. Николоз ШЕРАЗАДИШВИЛИ (Испания)
3. Саид САДРИДДИНОВ (Баҳрайн)

+100 кг
1. Гончигсурен БАТХУЯГ (Муғулистон)
2. Артём ЗОЛОТУХИН (IJF)
3. Денис БАТЧАЕВ (IJF)
3. Даиго КАГАВА (Ҷопон)

Занон
48 кг
1. Митсуки КОНДО (Ҷопон)
2. Марина ВОРОБЁВА (IJF)
3. Сабина ГИЛЯЗОВА (IJF)
3. Мишел АЛТАНШАГАЛ (Муғулистон)

52 кг
1. Какоро ФУҶИШОРО (Ҷопон)
2. Намдин-Эрдене МЯГМАРУСЕН (Муғулистон)
3. Глафира БОРИСОВА (IJF)
3. Юхунг ЯО (Чин)

57 кг
1. Ксения ГАЛИТСКАЯ (IJF)
2. Ана Виктоия ПИЛЖУС (Хорватия)
3. Сосорбарам ЛХАГВАСУРЕН (Муғулистон)
3. Мегуми ФУЧИДА (Ҷопон)

63 кг
1. Ганкхаич БОЛД (Муғулистон)
2. Кирари ЯМАГУЧИ (Ҷопон)
3. Нина СИМИЧ (Хорватия)
3. Гаетане ДЕБЕРДТ (Фаронса)

70 кг
1. Утана ТЕРАДА (Ҷопон)
2. Лю ЛИЮ (Чин)
3. Уингуинг ФЕНГ (Чин)
3. Юсеи ДАРКХАНБАТБАЯР (Муғулистон)

78 кг
1. Патрисия САМРАО (Португалия)
2. Мами УМЕКИ (Ҷопон)
3. Александра БАБИНСЕВА (IJF)
3. Юксиао ПЕРГ (Чин)

+78 кг
1. Леа ФОНТАНЕ (Фаронса)
2. Ҷенисуниер АЮИМАН (Чин)
3. Ҳелена ВУКОВИЧ (Хорватия)
3. Номинзул ДАМДАРҶАА (Муғулистон)

XS
SM
MD
LG