Амрико ва Иттиҳоди Аврупо қарордоди нави тиҷоратӣ имзо карданд

Урсула фон дер Лейен ва Доналд Трамп

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи таърифаҳо ба созиш расида, бузургтарин созишнома дар бахши тиҷоратро имзо карданд. Дар ин бора президент Доналд Трамп 27-уми июл баъди музокирот бо Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо хабар дод. Гуфтугӯи Трамп ва Лейен дар Шотландия баргузор шуд.

Ба гуфтаи Трамп, бар асоси ин тавофуқ Амрико барои молҳои Иттиҳоди Аврупо на 30, балки 15 дарсад таърифа ё боҷ ҷорӣ мекунад.

Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, Иттиҳоди Аврупо розӣ шудааст, ки аз Амрико дар ҳаҷми 750 миллиард доллар нафту газ харидорӣ кунад. Аврупо ҳамчунин барои 600 миллиард доллар сармоягузорӣ дар ИМА ва хариди силоҳ аз ин кишвар розигӣ додааст.

Урсула фон дер Лейен созишро тасдиқ карда гуфтааст, ҷузъиёти бештари он ҳафтаи оянда эълон мешавад. Ба гуфтаи Раиси Кумисюни Аврупо, 15 дарсад таърифа барои аксар молҳои содиротӣ ҷорӣ мешавад, вале ду тараф аз молҳои кишоварзӣ боҷ намегиранд.

Лейен ҳамчунин гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки аз Амрико бештар гази моеъ бихарад ва бо ин кор хариди гази русиро камтар мекунад. Дар умум ба гуфтаи Раиси Кумисюни Аврупо, созиш ба тиҷорати босубот ва қобили пешбинӣ мусоидат мекунад.

Пештар Амрико бо Ҷопон ҳам ба айни чунин тавофуқи тиҷоратӣ расида буд. Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Ройтерс” гузориш додааст, ки Иттиҳоди Аврупо умедвори пурра бекор кардани таърифаҳо буд.

1-уми август муҳлати таъинкардаи Доналд Трамп барои расидан ба созиши тиҷоратӣ ба поён мерасад. Баъди гузаштани ин муҳлат, Амрико ба моли кишварҳое, ки бо Вашингтон ба тавофуқ нарасидаанд, таърифаҳои вазнин ҷорӣ хоҳад кард.

Ҷорӣ кардани таърифаҳои нав, як бахши асосии сиёсати Трамп барои бозбинии тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ аст.

Тибқи омори Вазорати молияи Амрико, дар соли ҷории молиявӣ, боҷҳои гумрукӣ зиёда аз 100 миллиард доллар даромад овардаанд.

Афзоиши арзиши боҷи гумрукӣ аз сӯйи Амрико сабаби коҳиши шохисҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва поин рафтани қурби доллар шуда буд. Трамп ҳадаф аз амалкарди худро ҳимояи манфиатҳои ИМА ва ширкатҳои амрикоӣ медонад.