Артиши Исроил рӯзи якшанбеи 27-уми июл эълон кард, ки бо ҳадафи осон кардани кори созмонҳои имдодрасон ва расондани ёриҳои бештар ба сокинони Ғазза, дар чанд минтақаи ин борика рӯзона амалиёти ҷангиро қатъ мекунад. Ташкилотҳои кумакрасон ҳушдор додаанд, ки "қаҳтии васеъ" дар Ғазза дар ҳоли густариш аст.
Дар хабари артиши Исроил омадааст, амалиёти ҷангӣ аз соати 10 то 20:00 дар минтақаҳои алоҳидаи Ғазза, аз ҷумла ал-Маваси, Дайр ал-Балаҳ ва шаҳри Ғазза мутаваққиф мешаванд. Исроил ҳамчунин аз кушода шудани хатти амн барои интиқоли кумакҳои башарӣ ба тамоми Ғазза хабар додааст.
"Ал-Қоҳира", хабаргузории давлатии Миср рӯзи якшанбе гузориш дод, ки интиқоли ёриҳои башардӯстона аз Миср ба Ғазза оғоз шудааст. Чанд соат қабл аз ин, Исроил барои сокинони Ғазза аз осмон кумакҳои башардӯстона партофт.
Низомиёни Исроил мегӯянд, ин кор бо ҳамоҳангии Созмони Милал ва дигар ташкилотҳои кумакрасон анҷом шудааст. Дар ҳоле, ки интиқодҳо аз Исроил ба хотири монеагӣ дар расондани кумакҳои башарӣ ба Ғазза зиёд шудааст, Тел-Авив истифодаи гуруснагиро ҳамчун абзори фишор рад кардааст. Дар айни замон Исроил гуфтааст, ки фишор ба гуруҳи "Ҳамос"-ро идома медиҳад то гаравгонҳои боқимондаро озод кунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро гуруҳи террористӣ медонанд.
Дар пайи бад шудани вазъи башарӣ дар Ғазза, Британияи Кабир, Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон карданд, ки барои сокинони Ғазза аз осмон ёриҳои башардӯстона мепартоянд.
Вале намояндагони Оҷонси имдодрасонии СММ ба оворагони фаластинӣ (UNRWA),мегӯянд, партоби кумакҳо аз ҳаво "гарон ва беасар асту метавонад барои гуруснагон хатар эҷод кунад."
Созмонҳои имдодрасон артиши Исроилро ба он муттаҳам мекунанд, ки барои расондани кумакҳои башарӣ ба сокинони Ғазза, маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ кардааст. Исроил дар навбати худ Созмони Милал ва дигар ташкилотҳои ёрирасон дар Ғаззаро ба бесамар будани корашон муттаҳам мекунад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯзҳои ахир фишор бар Исроилро зиёд кардааст, то ин кишвар дар Ғазза оташбас ҷорӣ карда, ба вуруди ҳама кумакҳои башарӣ ба ин борика иҷозат диҳад.
Беш аз ду миллион нафар аз сокинони Ғазза пас аз 21 моҳ даргирӣ, бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва дигар ашёи мавриди ниёзи аввал, рӯбарӯ ҳастанд.
Созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ дар баёнияи худ гуфтаанд, ки анборҳо бо ҳазорон тонна мавод ва ашёи зарурӣ дар берун аз навори Ғазза ва ҳатто дар дохили он, дастнохӯрда боқӣ мондаанд, зеро иҷозаи дастрасӣ ё тақсими коло дода намешавад.
Дар навбати худ, Исроил мегӯяд, ки кӯмакҳои башардӯстона иҷозаи вуруд ба Ғаззаро доранд ва "Ҳамос"-ро ба сӯистифода аз ранҷи ғайринизомиён, аз ҷумла, бо аз худ кардани кӯмакҳои ғизоӣ барои фурӯш бо нархҳои боло ё тирандозӣ ба касоне, ки мунтазири кӯмак ҳастанд, муттаҳам мекунад.
Дар иваз, гурӯҳҳои фаластинӣ Исроилро ба сӯистифода аз вазъи пешомада ва қаҳтӣ, муттаҳам мекунанд, ки ғайринизомиёнро ба қатл мерасонад.